- рангоранг
- [رنگارنگ]1. ба ҳар ранг, ҳарранга2. ҳархел, гуногун, навъ ба навъ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
рангорангӣ — [رنگارنگي] рангҳои гуногунро доро будан, алвон, мухталифӣ, гуногунӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ангалюн — [انگليون] ю 1. китоби Инҷил 2. порчаи абрешимии рангоранг, дар гузашта масеҳиёни Машриқзамин Инҷилро дар лифофаи абрешимии рангоранг мепечониданд, ки аз ин рӯ маҷозан Инҷилро низ ангалгоҳ номидаанд 3. номи китоби Монии наққош … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
талаввун — [تلون] а. кит. рангоранг шудан; рангорангӣ; талаввуни мизоҷ тағйир ёфтани мизоҷ, ранг ба ранг шудан, бесуботӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
абрақ — [ابرق] а 1. хоки бо сангу гилу рег омехта 2. моддаи сафеди пӯка, ки дар тиб истифода мешуд 3. ҳар чизи рангоранг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
абрақӣ — [ابرقي] мансуб ба абрақ; ранг ба ранг, рангоранг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
абраш — [ابرش] а 1. сурху сафед; рангоранг 2. асп, аспи ало, чавкар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
алобуло — [الا بلا] рангоранг, песа; сиёҳу сафед; чашм алобуло шудан чашм беҷо шудан, тағйир ёфтани ҳолати чашм … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
алоча — [علاچه] матое, ки аз нахи пахта ё шоҳии рах рахи рангоранг бофта мешавад; алочаи жандагии кӯлобӣ як хел алочаи бонақшу нигор, ки гулҳояш чун дарбеҳ ба назар менамояд ва он пеш асосан дар вилояти Кӯлоб бофта мешуд; алочаи ресмонии нуратоӣ навъе аз … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баҳористон — [بهارستان] маҷ. ҷои пур аз гулу сабзаҳои рангоранг, боғи ниҳоят сабзу хуррам; гулзор, гулистон, бӯстон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
биҷиррас — (биҷиррос) [بجرّس // بجرّاس] гуфт 1. ҳисси рангорангӣ, алобулоӣ, алағдагӣ дар пеши чашм 2. ҳисси дамидани мурғак дар бадану тахтапушт (аз тарси дидан ё шунидани воқеаи даҳшатангез ва ё сухани ниҳоят сахт) 3. ҳисси ногувори дасту по, ки дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ